Темур Раҳимов — беҳтарин дзюдочии ҷаҳон миёни наврасон
Душанбе, 07.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боӣмурод).- Темур Раҳимов, варзишгари навраси тоҷик, дар рейтинг ё феҳристи дзюдочиёни зӯртарини дунё байни кадетҳо (то 18-сола) дар вазни беш аз 90 кг дар мақоми аввал қарор дорад.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, дар рӯйхати гӯштингироне, ки дар вазни беш аз 90 кг рақобат мекунанд, ҳамагӣ 67 нафар дохил шуда, дар байни онҳо боз ду варзишгари навраси тоҷик — Ардашер Мирзоев (64 имтиёз, ҷойи 26-ум) ва Хуршед Маҷидов (40 имтиёз, ҷойи 41-ум) ҳастанд.
Гуфта мешавад, ки варзишгарони тоҷик моҳи декабри соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё байни наврасон дар Гонконг чаҳор медал — се нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд. Дар сабқати кадетҳо Темур Раҳимов дар рақобатҳо дар вазни беш аз 90 кг бо медали нуқра ва Ҳоҷимашраб Раҳмонов дар вазни то 90 кг бо медали биринҷӣ сарфароз гардиданд. Дар сабқати наврасон Аминҷон Ҷалолов дар вазни то 90 кг ва Санавбар Шанбиев дар вазни беш аз 90 кг бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






