Темурмалик-пешсафи даъвату гусел ба хизмати ҳарбӣ
Душанбе, 26.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Ҳайати шахсии комиссариати ҳарбии ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон дар баробари даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, инчунин дар ҳамкории наздик бо масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват ва дар доираи чорабиниҳо бо ҷавонон пайваста вохӯриҳои гуногун доир намуда, пирони рӯзгордидаро аёдат менамояд.
Комиссариати ҳарбии ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон на танҳо дар даъвати баҳориву тирамоҳии соли сипаригашта, балки солҳои пешин низ дар ҷодаи иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ дар ин минтақа пешсаф буд.
Ин аст, ки масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар ин ноҳия, соли гузашта аллакай дар даҳрӯзаи оғози чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ тавонистанд нақшаи ин маъракаи муҳими сиёсиро сари вақт ва бо сифати баланд иҷро намоянд. Омилҳои пеш аз муҳлат ба анҷом расонидани нақшаи даъват дар ноҳия- ин ҳамкории зич доштан бо аҳолӣ, бахусус ҷавонони ҷамоату деҳшӯроҳо ва шаҳрак мебошад.
Маҳз ташкили чунин вохӯриҳо бо ҷавонон, аёдати пирони рӯзгордида ва ба роҳ мондани дигар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ аст, ки комиссариати ҳарбии ноҳияи Темурмалик дар самти даъвату гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ тайи солҳои охир пешсаф мебошад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ хабар доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






