Тоҷикистон 58 созишномаи бахши фарҳангро имзо кардааст
Душанбе, 16.01.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- «То имрӯз Вазорати фарҳанг 58 созишномаи дуҷонибаю бисёрҷониба, ҳамчунин барномаҳои байниҳукуматӣ дар бахши фарҳанг бо кишварҳои хориҷӣ ва ҳамсояро ба имзо расонидааст», — гуфт вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зимни вохӯрӣ бо намояндагони васоити ахбори омма.
Зикр шуд, ки бо роҳандозии ин созишномаҳо Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ҶМЧ ва Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия ва Туркманистон дар Тоҷикистон, ҳунарнамоии ҳунарпешагони шаҳри Варшава дар саҳнаи сирки тоҷик, ҳамчунин иштироки гурӯҳи ходимони санъати кишвар дар ҷашнвораи байналмилалии Наврӯз — 2014 дар Афғонистон дар сатҳи баланд доир шуданд.
Барои татбиқи «Барномаи давлатии санъати сирки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2017» 14 нафар хатмкунандагони студияи сирк ба Коллеҷи санъат ва эстрадаи сирки ба номи Румянтсеви шаҳри Маскав дохил шуданд.
Қобили зикр аст, ки Вазорати фарҳанг бо супоришу дастурҳои Президенти ҶТ барномаҳои консертию бадеиро ба ифтихори таҷлили 3000 — солагии Ҳисор, 700 — солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва чорабиниҳои дигари байналмилалию ҷумҳуриявиро дар сатҳи баланд роҳандозӣ карданист.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






