Тоҷикистон дар мақоми 136-ум дар рӯйхати нави ФИФА
Душанбе, 09.01.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол), ки дирӯз, 8-уми январ нашр шудааст, бо 215 имтиёз дар байни 209 тими миллӣ ҷойи 136-умро касб кардааст.
Тавре ки дар ин бора аз Федератсияи футболи кишвар хабар доданд, дастаи миллии Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ аз Қазоқистон (ҷойи 139-ум), Туркманистон (ҷойи 147-ум) ва Қирғизистон (ҷойи 152-юм) боло ҷойгир шудааст. Мунтахаби Украина, ки дар байни кишварҳои ИДМ пешсаф аст, дар рейтинги ҷаҳонӣ дар зинаи 25-ум қарор дорад. Баъдан Русия мақоми 31-ум ва Ӯзбекистон мақоми 71-умро касб кардааст.
Тими мунтахаби Олмон дар феҳристи нави ФИФА бо 1725 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Дастаи мунтахаби Аргентина бо1538 имтиёз дар ҷойи дуюм ва тими Колумбия бо гирифтани 1450 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор дорад.
Гуфта мешавад, дар байни даҳгонаи беҳтарин, инчунин Белгия бо 1417, Ҳолланд бо1374, Бразилия бо 1316, Португалия бо 1160, Фаронса бо 1160, Испания бо 1142 ва Уругвай бо 1135 имтиёзӣ ҷойгир шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи рейтинги ФИФА аз соли 1993 инҷониб имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини тими мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 мебошад.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






