Тоҷикистон-кишвари сайёҳӣ
Душанбе, 09.01.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар соли 2014 барои рушди имконоти туризми кишвар 110 чорабинии гуногуни дохилӣ ва минтақавию байналмилалӣ доир шуд, ки нисбат ба соли 2013 423% зиёд мебошад.
Тавре ки дар гузориши солонаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон омадааст, дар соли 2014 ба Тоҷикистон беш аз 213 ҳазору 265 нафар шаҳрванди хориҷӣ ба ҳайси турист ташриф овард, ки дар соли 2013 ин нишондиҳанда ба 207911 нафар буд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар давраи ҳисоботӣ 715 адад роҳнамои туристӣ дар шакли маҷаллаи иттилоотӣ ба табъ расонида шуд, ки беш аз 600 нусхаи он ҳангоми баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ аз тариқи Вазорати корҳои хориҷӣ ба сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар тақсим карда шуданд.
Дар ин сол дар маҷмӯъ зиёда аз 28 ҳазор маводи иттилоотии туристӣ, аз қабили буклет, харита ва роҳнамоҳо чоп шуд, ки нисбат ба соли 2013 7 ҳазор зиёд мебошад. Дар натиҷаи корҳои таблиғотии кумита бо ширкатҳои сайёҳӣ имсол зиёда аз 280 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ва хориҷӣ бо маълумотҳои туристии Тоҷикистон фаро гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2013 қариб 80 ҳазор зиёд мебошад,- омадааст дар ҳисоботи солонаи кумита.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






