Туҳфаҳои Президенти кишвар ба хизматчиёни ҳарбӣ
Душанбе, 05.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Маросими супурдани туҳфаҳои солинавӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст дар Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа шурӯъ гардида, он то ротаву взводи алоҳида ва ба ҳар як афсару сарбози қисмҳои низомӣ расонида шуд.
Қабл аз туҳфасупорӣ масъулини дахлдори Вазорати мудофиа ҳангоми вохӯрӣ бо донишҷӯёни Литсейи ҳарбӣ, вобаста ба таваҷҷуҳи доимӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ сухан гуфта, ба эшон дар иҷрои вазифаҳои пуршарафи хизматӣ барору комёбиҳо таманно карданд.
Тавре ки зикр гардид, новобаста аз иду ҷашнҳо роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ нисбат ба хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногун таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар самти беҳдошти таъминот бо лавозимоти моддиву таълимӣ ва дигар шароитҳои маишиву фароғатӣ корҳои зиёдеро пайваста амалӣ менамоянд.
Баъд аз суханрониҳои бахши расмӣ, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба муҳассилини Литеийи ҳарбӣ туҳфаҳои солинавӣ ва ба як зумра донишҷӯёни ин муассисаи миёнаи таълимии ҳарбӣ, ки ятиманду ба таври имтиёз шомили литсейи мазкур гаштаанд, либос тақдим шуд.
Ҳамин гуна чорабинӣ ё худ маросими супурдани туҳфаҳои солинавӣ дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо шукӯҳи хосса доир шуд. Зикр гардид, ки ҳамасола аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни донишкада ва ба тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ туҳфаҳои гуногуни солинавӣ тақдим гардида, дастурхони идона ороста мешавад ва ин, албатта, ба он хотир аст, ки хизматчиёни ҳарбӣ аз лиҳози таъминоти ҳамаҷониба танқисӣ надошта бошанду ба ин марзу буми аҷдодӣ содиқонаву софдилона хизмат намоянд.
Ҳамин тариқ, дар арафаи соли нави мелодӣ туҳфаҳои солинавӣ, аз номи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ-Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми афсарону сарбозони қисмҳои низомии алоҳида, ҳайати шахсии ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, донишҷӯёни низомии муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, фарзандони хизматчиёни низомӣ ва аҳли оилаи афсароне, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба ҳалокат расидаанд, расонида шуд.
Илова бар ин, ба ғайр аз тақдими туҳфаҳои солинавӣ, барои оростани дастурхони идона, аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳайати шахсии ҷузъу томҳои тобеи Қувваҳои Мусаллаҳ 157 тонна маводи хӯрокворӣ, аз қабили гӯшт, равған, шириниҳо, меваҷот ва маҳсулоти гуногуни полезиву донагӣ расонида шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






