Турсунзода: Хатнатӯи 20 нафар кӯдаки ниёзманд
Душанбе, 07.01.2015. (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони шаҳри Турсунзода хатнатӯи 20 нафар кӯдаки оилаҳои ниёзманд ба таври дастаҷамъона гузаронида шуд. Барои ин оилаҳо дар тарабхонаи «Суруш» дастурхони идона ороста шуд. Шодиву нишоти қариб 20 нафар тифлаки хуштолеи шаҳри Турсунзода дар ин рӯз ҳадду канор надошт, зеро хатнатӯи онҳо бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил шуд.
Бо ташаббуси соҳибкорон дар ҳамбастагӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ хатнатӯи оилаҳои ниёзманд дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барпо гардид.
Дар баробари барпо намудани тӯи хатнасур, ҳамзамон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон ба кӯдакон либос ва туҳфаҳои кӯдакона тақдим шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






