Турсунзода: вусъати корҳои созандагӣ
Турсунзода, 13.01.2015. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Соли сипаригардида барои сокинони шаҳри Турсунзода бобарор буд. Нақшаи истеҳсоли пилла, пахта ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ пурра ва барзиёд иҷро гардид,- гуфт раиси шаҳри Турсунзода Бобоалӣ Табарзода зимни нишасти матбуотӣ.
Терминали мусофирбарии «Ваҳдат-2012» ва маҷмааи хизматрасонии маишии замонавии «Баҳром» бо таъсиси 200 ҷои нави корӣ бунёд ёфт.
Дар маркази шаҳр 10 сехи дӯзандагию 1 сехи қолинбофии дастӣ ва дар ҷамоатҳои деҳот 9 сехи ҳунарҳои халқӣ ва марказҳои таълимию хизматрасонии маишӣ бо таъмини 150 ҷои нави корӣ ба фаъолият оғоз кард.
Аз ҳисоби соҳибкорон 400 дона компютер ба муассисаҳои таълимӣ тақсим шуд ва барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ иҷро гардид. Алҳол дар 30 иншооти хурду бузург корҳои сохтмонӣ бо муваффақият идома доранд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






