ТВ “Бадахшон” ба таҷҳизоти пахши рақамӣ пайваст мешавад

Январь 9, 2015 16:10

 
Душанбе, 09.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Раҳмон гуфт, дар соли 2014 дар асоси таҳлилу таҳқиқи ширкати байналмилалии International Quality Crown ва назарсанҷии Quality Hunters Муассисаи давлатии “Ҷаҳоннамо” миёни 118 ширкатҳои дунё ба дарёфти ҷоизаи Basiness Initiative Direction дар пахши “Сарварӣ”, “Сифат” ва “Авалият” сазовор гардидааст.
Гуфта мешавад, ки оид ба касбомӯзии наврасону ҷавонон аз Маркази рушди истеъдодҳо дар барномаҳои “Хабар”, “Як соат”, “Ҳампаҳлу”, “Танаффуси калон”, “Истеъдод”, “Пайроҳа”-и телевизиони “Баҳористон” гузориш ва сужетҳои пахш гардиданд.
ҶСК “Телерадиоком” дар соли 2014 фаъолияти худро дар самти амалӣ намудани “Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар ҶТ барои солҳои 2010-2015” идома дод. Аз тарафи ҷамъият барои пурратар намудани фарогирии аҳолӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ 26 адад фиристандаи радиотелевизионӣ ва як адад фиристандаи радиоии FM насб гардид.
Фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ ба пахши рақамии барномаҳои Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина”, Муассисаи давлатии “Телевизиони кӯдакону наврасон- Баҳористон” ва Муассисаи давлатии “Ҷаҳоннамо” то 1-уми январи 2015 ҳар кадом 51 фоизро ташкил медиҳад. То охири соли равон Телевизиони “Бадахшон” низ ба таҷҳизоти пахши рақамии шаҳри Хоруғ пайваст хоҳад шуд.    
 
 
 

Январь 9, 2015 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст