ТВС забони хориҷӣ меомӯзонад
Душанбе, 07.01.2015. (АМИТ «Ховар», Мукаддас Темурзода).- Дар нишасти матбуотие, ки имрӯз дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» баргузор гардид, директори муассиса Лутфулло Давлатзода изҳор дошт, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ ва мусоидат ба ташаккули фарҳангу маънавиёт дар ҷомеа ТВС дар ҳамкорӣ бо телевизиони «Тулуъ»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон лоиҳаи «JILO»- маросими байналмилалии ҷоизасупорӣ барои саҳмгузорӣ дар рушди фарҳанг ва санъати форсизабонони дунёро амалӣ намуд. Даври ҷамъбастии лоиҳа дар Муассисаи Душанбе — Плаза дар сатҳи баланди ташкилӣ бо иштироки шахсиятҳои маъруфи фарҳангу ҳунар ва ҳунармандони машҳур баргузор шуд ва аз ҷониби бинандагон баҳои баланд гирифт.
«Дар семоҳаи охир бо назардошти талаби замон таҳия ва пахши барномаи омӯзиши забони англисиро ба роҳ мондем, ки ҳафтае се маротиба пахш мешавад. Ин барнома аллакай мухлисони худро пайдо кардааст ва боварӣ дорем, ки бо таҳия ва пахши ин барнома дар забонмӯзии насли наврас ва дар маҷмӯъ, бинандаҳои «Телевизиони Сафина» саҳмгузор бошем»,- афзуд Л. Давлатзода.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






