Ваколатдор сабабҳои гум шудани кӯдаконро шарҳ дод

Январь 29, 2015 14:02

           Душанбе, 29.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Манижа Баҳромзода).- Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир гум  шудани кӯдакон дар кишвар бештар ба назар мерасад. Ин масъаларо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода ташвишовар ном бурда, иброз дошт, ки дар ин самт корҳои назоратӣ анҷом додаанд. Ба гуфтаи Зариф Ализода ниҳоди онҳо бахусус ба таҳвилгоҳи ноболиғони  шаҳри Душанбе рафта, сабаби ба ин таҳвилгоҳ овардани онҳоро муайян намуд. «Ноболиғон бештар аз он оилаҳое ҳастанд, ки ё падар ё модарашон дар муҳоҷират ҳастанд ва ё волидайн ҳарду ба муҳоҷират рафта, фарзандашонро дар ихтиёри бибиашон гузоштаанд», — иброз дошт Зариф Ализода имрӯз, 29 январ зимни нишасти хабарӣ.
           Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар робита ба ин масъала инчунин афзуд, ки  аксари  кӯдакони  ноболиғе,  ки дар бозор ва ё кӯчаҳои шаҳр аз ҷониби таҳвилгоҳи ноболиғон пайдо кардаанд, онҳое мебошанд, ки аз ноҳияҳои кишвар  ба пойтахт  омадаанд. Дар ҳамин ҳол  Гулҷаҳон Умарова-сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи  кӯдак иттилоъ дод, ки соли 2015 ниҳоди онҳо дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати кишвар тасмим дорад, ки ҷиҳати пешгирии  гумшавии кӯдакон дар кишвар корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом диҳанд.  Ба гуфтаи Гулҷаҳон  Умарова  сабаби дигари  гум шудани кӯдакон дар кишвар пеш аз ҳама бемасъулиятии падару модар мебошад. «  Мо чӣ тавр метавонем  вақте кӯдаки мо ба кӯча мебарояд, ҳатто аҳамият надиҳем  ё напурсем, ки ту ба куҷо меравӣ ва наход берун баромадани кӯдаки 5-6 солаи мо аз мадди назари мо дур монад»,-гуфт  сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи  кӯдак.
            Соли 2014 дар 14 минтақаи Тоҷикистон бо комиссияҳои ҳуқуқи кӯдак, намояндагони Ҳукумат, аҳолӣ ва  муаллимон ба тариқи мизҳои мудаввар вохӯриҳо гузаронида шуда, аз ҷумла оид ба масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, ҷиҳати пешгирии гумшавии кӯдакон  корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом ёфтаанд.
 
 

Январь 29, 2015 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!