«Варзиш бар зидди нашъамандӣ»-мусобиқа
Душанбе, 19.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхонаю идораҳои давлатӣ, ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ҳавасмандон ва мухлисони бозиҳои футбол мерасонад, ки аз 20-уми январ то 28-уми феврали соли 2015 дар толори маҷмааи варзишии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи даставӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми вазири корҳои дохилӣ таҳти шиори «Варзиш бар зидди нашъамандӣ» байни сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Хоҳишмандон метавонанд дархостҳоро барои иштирок дар мусобиқа ба Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






