Варзиш зидди нашъамандист
Душанбе, 30.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз дар маҷмааи варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ чорабинии варзишӣ бахшида ба оғози Мусобиқаи футболи хурд (футзал) барои дарёфти «Ҷоми вазири корҳои дохилӣ» таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ» байни сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар муассисаву идораҳои давлатӣ ва ҳавасмандони футбол доир гардид.
ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад, ки дар чорабинии варзишӣ вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Абдуллозода Аҳтам Рустам, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Хидирзода Мағфират Умар, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати ҶТ Холиқзода Абдураҳим, намояндаи Сафорати ИМА дар ҶТ Марк Вуд, директори минтақавии Хазинаи ҳифзи атфол дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) Мария Каливис ва дигар меҳмонони расмӣ иштирок намуданд.
Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғози нахустин мусобиқаи футболи хурдро дар соли 2015 ба ҳозирин муборакбод гуфт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






