Вазъи ногувори техникаи коммуналӣ
Душанбе, 08.01.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Тағоймуродов дар нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолият тайи соли 2014, ки имрӯз, 8 январ, баргузор гардид, иброз дошт, ки вазъи техникаи махсуси коммуналии муассисаи мазкур дар вазъияти ногувор қарор дорад.
Мувофиқи суханони номбурда, то 31 декабри соли 2014 аз ҷумлаи 898 адад техникаи махсуси коммуналӣ фақат 576 — тоаш дар ҳолати коршоям қарор дошта, аз ҷумлаи умумии техникаи зикршуда 360 адад, ё 40 фоизи онҳо мӯҳлати истифодаро ду ва се маротиба гузаронидаанд.
«Корхонаҳои «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» барои фаъолияти самарабахшашон ба 900 адад техникаи махсуси коммуналӣ зарурат доранд, ки алҳол дар ин самт чораҳои зарурӣ дида мешаванд», — гуфт директори корхона».








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






