Вазорати адлия: ваколатҳои судҳо афзудааст
Душанбе, 21.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Истеҳсолоти иҷрочиёни суд сол то сол зиёд гардида истодааст. Агар дар соли 2008 ба истеҳсолоти иҷрочиёни суд дар сатҳи ҷумҳурӣ 23 177 ҳуҷҷати иҷро ворид гардида бошад, ин шумора дар соли 2014 ба 44661 ҳуҷҷати иҷро расидааст»,-гуфт вазири адлия Рустам Шоҳмурод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Сабаби вақеияти мазкур ин татбиқи «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар ЧТ», такмили соҳаи ҳуқуқи маъмурӣ ва оилавӣ, зиёд шудани теъдоди судяҳои судҳои ҷумҳурӣ ва бештар гардидани ваколатҳои судҳо мебошад. Аммо пас аз ба тобеияти Вазорати адлия гузаронидани низоми истеҳсолоти иҷро шумораи иҷрочиёни суд 233 нафар боқӣ мондааст.
Вазорати адлия ва раёсатҳои он дар вилоятҳо дар давоми соли 2014-196 ташкилоти ҷамъиятӣ ва 10 798 шартномаи гаравро ба қайди давлатӣ гирифтанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






