Велосипед беҳтар аз мошин
Душанбе, 16.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар мавриди он, ки 80% ифлосшавии ҳавои ҷумҳурӣ ба соҳаи нақлиёт рост меояд ва дар бештари мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба хотири бартараф намудани ин мушкилӣ ба истифодаи наклиёти барқӣ гузаштанд, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти мамлакат Хайрулло Ибодзода дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар айни замон ба ҷумҳурӣ мошинҳои гибрид ворид шудаанд.
«Мо ҳангоми бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Фаронса сафар намудан, ин масъаларо мавриди муҳокима қарор додем. Ба андешаи коршиносони хориҷӣ гузаштан ба велосипедронӣ ҳалли ин мушкилӣ мебошад. Дар айни замон онҳо роҳҳои махсус барои велосипедронӣ ва қоидаҳои велосипедрониро коркард намуда истодаанд. Мо дар оянда дар ин самт кор ҳоҳем кард»,-гуфт Х.Ибодзода.
Дар ҷумҳурӣ дар айни замон бештари мошинҳо аз тариқи гази моеъ ҳаракат мекунанд ва он ҳаворо ифлос намекунад.
Раиси кумита ваъда дод, ки дар оянда дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёт ба ҳадафҳои пешгирифтаашон дар самти тоза нигоҳ доштани ҳаво мерасанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






