ВКД ҶТ: 5 амали террористӣ пешгирӣ шуд

Январь 16, 2015 14:10

Душанбе, 16.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Имрӯз дар Душанбе бо иштироки вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар давоми соли 2014 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Вазири корҳои дохилӣ зикр кард, ки дар дувоздаҳ моҳи соли 2014 дар ҷумҳурӣ 19 ҳазору 352 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 17 ҳазору 498-тоаш ошкор гардид. Cатҳи кушодашавии ҷиноятҳо 87,7 фоизро ташкил медиҳад.
«Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалиёти махсус дар ин давра 116 нафар аъзои ташкилоти террористиву экстремистӣ дастгир шуданд, ки аз тарафи онҳо 338 ҷиноят содир гардидааст»,- гуфт вазир ва илова намуд, ки дар соли сипаригардида ҳамчунин аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 5 амали террористӣ пешгирӣ  шуда, як ҷинояти террористӣ ошкор гардид.
 
 

Январь 16, 2015 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд