ВКД: Машварат дар самти фаъолияти бахшҳои кадрӣ
Душанбе, 08.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар Вазорати корҳои дохилӣ бо ташаббуси Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД 7 январ бо кормандони кор бо ҳайати шахсии ҷузъу томҳои дастгоҳи марказии ВКД, шаҳри Душанбе ва ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ машварат баргузор гардид. Ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД, дар он роҳбарият, ҳайати шахсии Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД, муовинони сардорони ШВКД оид ба ҳайати шахсии шаҳри Душанбе ва ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД полковники милитсия Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмон гуфт, ки мақсад аз гузаронидани машварат- ин баррасии фаъолияти кормандони бахшҳои кадрӣ ва дастоварду натиҷаҳои соли 2014 мебошад.
Сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД аз кормандони бахшҳои кадрӣ талаб намуд, ки вазифаҳои хизматии худро сидқан, софдилона, дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда иҷро намуда, уҳдадориҳоро сари вақт амалӣ намоянд.
Танҳо дар давоми соли 2014, 6 маротиба бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вохӯрӣ доир гардида, бахшида ба Рӯзи милитсия 2475 нафар бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






