ВКД : Мусодираи зиёда аз 6 тонна маводи мухаддир
Душанбе, 22.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия, сокини 44- солаи ноҳияи Фархор Наҷмиддин Асоев бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир гардид.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки дар вақти кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтаи дастгиршуда 904 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ соли сипаригардида аз ҷониби колрмандони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ 6 тоннаю 213 кг маводи нашъадор мусодира шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






