ВКД: Паёми Президент-раҳнамои асосии зиндагист

Январь 27, 2015 16:54

Душанбе, 26.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкории кормандони ғайриштатӣ дирӯз дар маҷлисгоҳи воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарӣ ва амният дар самтҳои ҳаракати Сарвари Давлат ва меҳмонони олиқадр вохӯрии ҳайати шахсӣ ва кормандони ғайриштатӣ баргузор гардид.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки Паёми Президенти кишвар мазмунан сермуҳтаво, фарогири паҳлӯҳои мухталиф — иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва дар умум ҳаётӣ буда, барои ҳар яки мо роҳнамои асосии зиндагӣ мебошад. 
Иттилоъ дода шуд,  ки нуктаҳои алоҳидаи Паём маҳз ба фаъолияти бевоситаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ дахл дошта, моро водор месозад, ки баҳри амалӣ гаштани онҳо саъю талош намоем, зеро Сарвари давлатамон бори дигар хотиррасон намуд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротгароӣ нашавад. Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем. Иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии ҷамъият ҳам мусоидат намудан барои ҳаёти осоишта мебошад. Бинобар ин аз мову Шумо талаб мешавад, ки дастури Сарвари мамлакатамонро сармашқи кори худ намуда, Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин гуфта шуд, ки 115 нафар шаҳрванд ихтиёран ҳамчун корманди ғайриштатӣ мунтазам бо кормандони милитсияи Воҳиди махсус дар таъмини бехатарӣ ва амният дар самтҳои ҳаракати Сарвари Давлат ва меҳмонони олиқадр фаъолона ҳамкорӣ менамоянд. Аксарияти онҳо дар ҷойи кор ҳам фаъолияти босамар ва интизоми намунавӣ дошта, дар байни ҷомеа сазовори эҳтиром мебошанд. 
Ногуфта намонад, ки кормандони ғайриштатии Воҳиди махсуси мазкур дар соли 2014 дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия 6 ҷиноят ва зиёда аз 1200 ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ошкор намуданд. Онҳо дар ҳамаи чорабиниҳои муҳими сиёсиву ҷамъиятӣ ва маданӣ, ки дар онҳо Сарвари Давлат ва меҳмонони олиқадр иштирок доштанд, фаъолона ширкат варзиданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ барои ҳамкории фаъолона 25 нафар корманди ғайриштатӣ бо Ифтихорномаи ВКД ва туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд. 
 
 
 

Январь 27, 2015 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!