Вохӯрӣ бо намояндагони ВКД Қазоқистон ва INL
Душанбе, 30.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- 29 январи соли 2015 дар Агентии назорати маводи нашъаовар вохӯрии директори агентӣ Рустам Назарзода бо намояндагони Раёсати мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари ВКД Қазоқистон баргузор гардид.
Меҳмонон бо мақсади омӯзиши таҷрибаи идораи зиддимухаддиротии Тоҷикистон, шинос шудан бо фаъолияти шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии агентӣ, аз ҷумла бо истифодаи барномаи «i2» ташриф оварданд.
Дар вохӯрӣ инчунин Робин Шаффер — роҳбари Бюрои назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи (INL) Сафорати ИМА дар Қазоқистон иштирок намуд.
Р. Назарзода ба меҳмонон оид ба вазъияти вобаста ба маводи нашъаовар, тамоюли рушди он, пайдоиши намудҳои нави маводи нашъаовар дар Тоҷикистон нақл намуд. Зимни суҳбат инчунин масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Агентии назорати маводи нашъаовар ва Вазорати корҳои дохилии Афғонистон дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва гузаронидани амалиёти муштарак мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар ин бора аз Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






