Вохӯрӣ бо ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Душанбе, 22.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар ҷараёни мулоқоти корманди Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират Шоҳназар Табаров бо ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Самара Олга Галсова масоили ҳамкорӣ барои ҳалли проблемаҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷики вилояти Самара мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар ин бора котиби матбуоти Намояндагии Муҳоҷирати меҳнатии ҶТ дар ФР Иброҳим Аҳмадов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ваколатдори вилояти Самара изҳор дошт, ки барои ҳалли масоили марбут ба риояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, мусоидат хоҳад кард.
Ба гуфтаи котиби матбуот, баъзан мақомоти судӣ нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар бораи ихроҷи маъмурӣ қарорҳои беасос қабул мекунанд.
Аз аввали сол бо мадади Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират суди вилоятӣ қарорҳои судҳои шаҳрҳои Одинсово ва Красногорскро дар бораи ихроҷи маъмурӣ нисбат ба шаҳрвандони ҶТ — сокини шаҳри Панҷакент Далер Нуров ва сокини шаҳри Норак Бой Иброҳимов лағв намуд.
«Соли 2014 бо мусоидати Намояндагӣ мақомоти судии минтақаи Маскав 71 қарори судҳои ноҳиявӣ дар бораи ихроҷи маъмуриро аз эътибор соқит намуд», — гуфт Иброҳим Аҳмадов.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






