Вохӯрии Гурӯҳи дӯстии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо
Душанбе, 13.01.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Брюссел вохӯрии навбатии Гурӯҳи дӯстии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо 7 январ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ноиби Президенти Парлумони Аврупо Ричард Чарнески низ иштирок намуд.
Зимни вохӯрӣ Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо сафир Рустам Солиев ба вакилон оид ба ҷараёни омодагӣ ба баргузории интихоботи навбатии парлумонӣ дар Тоҷикистон, ки 1 марти соли 2015 баргузор мегардад, маълумоти муфассал дод.
Тазаккур дода шуд, ки интихоботи навбатии парлумонӣ дар Тоҷикистон дар фазои орому осуда ва бо риояи меъёрҳои ҷаҳони муосир баргузор гардида, натиҷаҳои он барои рушди минбаъдаи парламентаризми демократии кишвар мусоидат хоҳад кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






