Вохӯрии Рустам Солиев бо Ричард Чарнески

Январь 13, 2015 09:11

Душанбе, 13.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Брюссел 8 январ вохӯрии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо сафир Рустам Солиев бо ноиби Президенти Парлумони Аврупо Ричард Чарнески баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муносибатҳои гуногунсамти Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ намуда, оид ба таҳким ва тавсеаи минбаъдаи робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Ричард Чарнески изҳор намуд, ки Парлумони Аврупо омодааст бо истифода аз механизмҳои парлумонӣ барои боз ҳам ба сатҳи баланд бардоштани ҳамкориҳои мутақобилан судманди бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мусоидат расонад.
Дар ҳошияи вохӯрӣ намояндаи доимӣ аз аъзои Гурӯҳи дӯстии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо шудани Ричард Чарнески ибрози қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки чунин тавсеаи сафи аъзои Гурӯҳи дӯстӣ барои мустаҳкам намудани ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо мусоидати фаъол хоҳад намуд.

 
 
 
 

Январь 13, 2015 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд