Вохўрии Х. Ибодзода бо А. Армстронг
Душанбе, 24.01.2015. (АМИТ «Ховар» Назир Назиров).- Дар ҳафтаи сипаришуда вохўрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ оид ба идораи сарватҳои табиӣ Анжело Армстронг ва коршиноси калони бонки мазкур оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист Аркадий Капчелиа доир гардид. Дар вохӯрӣ тарафҳо оид ба масъалаҳои мутобиқшавӣ дар ҳолати тағйири иқлим ва коҳиш додани оқибатҳои он дар Осиёи Марказӣ ибрози андеша намуданд.
Мақсади вохӯрӣ мувофиқа кардани фаъолияти гурўҳи корӣ дар татбиқи Барномаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва пастфарории оқибатҳои он дар Осиёи Марказӣ (САМР 4 СА) ва дигар масъалаҳои вобаста ба он буд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






