Воридоти беш аз 100 барномаи таълимӣ ба Вазорати маориф ва илм

Январь 27, 2015 10:37

Душанбе, 27.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар дар давоми соли 2014 ба вазорат 169 дастхати барномаи таълимӣ, китоби дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ ворид шуд. Аз ҷумла, 98 дастхат (18 барномаи таълимӣ, 14 китоби дарсӣ, 28 дастури таълимиву методӣ, 1 маводи аёнӣ, 37 асари бадеӣ) барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ;  84 дастхат (3 барномаи таълимӣ, 44 китоби дарсӣ, 35 дастуру воситаи таълимиву методӣ ва 2 монография) барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ.
Дар соли 2014 ба анбори китобҳои дарсии Вазорати маориф ва илм 27 номгўй китобҳои дарсӣ ба миқдори 1млн  485 ҳазору 757 нусха ба маблағи 12 млн  801 ҳазору 456 сомонӣ, 52 номгўй маводи таълимӣ ба миқдори 371 ҳазору 006 нусха ба маблағи 2 млн 573 ҳазору 284 сомонӣ ва 4 номгўй адабиёти таълимӣ ба таври ройгон ба миқдори 25 000 нусха ба маблағи 43 ҳазору 401 сомонӣ ворид шудааст.
Дар соли 2014 ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ 188 номгўй китоби дарсӣ ба миқдори 1 млн 638 ҳазору 094 нусха ба маблағи 16 млн 176 ҳазору 800 сомонӣ дастрас  шуд.  Ҳамчунин дар ин давра 128 номгўй маводи таълимӣ ба миқдори 292 ҳазору 271 нусха ба маблағи 2 млн 389 ҳазору 372 сомонӣ ва ба таври ройгон 58 номгўй адабиёти таълимӣ ба миқдори 5 156 нусха ба маблағи 116 ҳазору 542 сомонӣ ирсол шуд.
 

Январь 27, 2015 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд