Восеъ: мактаб-интернатҳо таъмир мешаванд
Восеъ, 19.01.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар нохияи Восеъ ду мактаб- интернат мавҷуд аст, ки дар онҳо беш аз 500 нафар тарбиятгиранда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Тайи солҳои охир биноҳои мактаб- интернатҳо ба таъмири асосӣ фаро гирифта шуда, онҳо бо хати тозаи барқ пайваст гардиданд. Дар интернати хонандагони лаёқатманди ба номи Ғоиб Сафарзодаи ноҳияи Восеъ бо фармоиши дирексияи сохтмони иншооти хукуматии Дастгохи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶДММ «Сохтмони Кулиён» таъмири асосӣ ва бунёди иншооти ёрирасонро пурра ба анҷом расониданд.
Муассисаи мазкур солҳои тӯлонӣ таъмир нашуда буд ва дар ҳолати ҳузнангезу ногувор қарор дошт. Баъди пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани биноҳо шароити таълимию маишии тарбиятгирандагон бехтару хубтар ба рох монда шуда, соли таҳсили 2014-2015 шумораи хонандагон дар ин муассиса зиёд гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






