Вусъати ниҳолшинонӣ дар Кӯлоб
Кӯлоб, 07.01.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол)- Бахшида ба 700- солагии олим ва мутафаккири Машриқзамин Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 70- солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А Рӯдакӣ ва пойтахти фарҳангии давлатҳои Муштарак- ул манофеъ эълон гардидани шаҳри Кӯлоб дар соли 2015 дар шаҳр бунёди иншооти маданию маишӣ ва хизматрасонӣ аз ҷониби ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ босуръат идома дорад. Дар маҳаллаи ба номи Ҷаббор Расулов бо дастгирии ҳокимияти давлатӣ дар рӯзҳои истироҳат аксари шаҳрвандон ва муҳассилини муассисаҳои давлатии шаҳри Кӯлоб ба ҳашар баромада, ба шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда машғул гардиданд. Дар ин рӯз сокинони маҳаллаи мазкур ва муҳассилини литсеи касбӣ- техникӣ беш аз 800 ниҳолро дар майдони 80 садяк шинониданд. Ба гуфти дастандаркорон чунин иқдом дар ҳамаи маҳаллаҳо ва кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Кӯлоб то оғози фасли баҳор идома хоҳад ёфт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






