Ёрии маҷҷонӣ ба Сарраёсати геология

Январь 7, 2015 16:19

Душанбе,  07.01.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих).- «Бо  ибтикори  роҳбарияти  Сарраёсати  геология  ширкати Ҷамъияти  масъулияташ  маҳдуди  «ТВЕА — Душанбе саноати  кӯҳӣ» 4 дастгоҳи  пармакориро  чун ёрии маҷҷонӣ  ба Корхонаи  воҳиди  давлатии «Экспедитсияи иктишофи геологии Муғиён»  тақдим  намуд, ки  онҳо  дар кони Кумарги  Боло  мавриди  истифода  қарор  мегиранд», — гуфт  дар нишасти  матбуотӣ  аз  рӯи  натиҷаи  фаъолият  тайи  соли  2014  сардори  Сарраёсати  геологияи  назди  Ҳукумати  ҶТ  Мурод  Хол  Ҷумъазод.
Дар  нишасти  матбуотӣ ҳамчунин  зикр  шуд, ки  Сарраёсати  геология  дар  давраи  ҳисобот аз  ҳисоби   маблағгузорӣ  4  адад  радиометр, 4  адад  нақлиёти  махсуси  автомобилӣ,  1  булдозер, 1 асбоби таҳлили заравӣ  барои муайян  кардани  70 унсур,  4 адад  ротори  дастгоҳҳои пармакорӣ  харидорӣ  намуд. Ҳамаи  техникаи  истеҳсолӣ, ки  маблағи  умумии  он 1 миллиону  499 ҳазору  800 сомониро ташкил  медиҳад,  байни корхонаҳои  зертобеъ тақсим  шудаанд. 

Январь 7, 2015 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд