Ёрии «Сомон Эйр» барои бунёди дегхона
Душанбе, 05.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба мактаб — интернати рақами 55 ёрии молиявӣ расонид.
Роҳбарияти ин мактаби махсус дар арафаи соли 2015 хоҳиш намуда буд, ки ба дастпарваронаш ёрии молиявӣ расонида шавад. Ширкати «Сомон Эйр» ин хоҳишро пазируфта, ба мактаб — интернат дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ ёрии молиявӣ расонид.
Маблағҳои зикршуда барои эъмори дегхона, ки барои мактаб — интернат аҳамияти зиёде дорад, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд, намояндагони ширкат дастпарварони мактаб — интернатро шахсан муборакбод карда, ба ҳар кадоми онҳо тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд.
Мувофиқи маълумоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», имрӯз ҳавопаймоҳои он дар хатсайрҳои Олмон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Русия ва Қазоқистон парвоз мекунанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






