Заҳролудшавии оилаи ҷавон дар Суғд
Хуҷанд, 13.01.2015. (АМИТ Ховар, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шимоли кишвар боз як ҳолати аз ангишт заҳролудшавии як оилаи ҷавон ба қайд гирифта шуд. Тавре ки ба АМИТ Ховар аз РВКД ҶТ дар Суғд иттилоъ доданд, 11 январи соли ҷорӣ тақрибан соатҳои 3-и шаб оилаи ҷавон, истиқоматкунандагони нохияи Истаравшан, ҷамоати деҳоти Гули сурх, деҳаи Боғи калон, Баҳриддин Шоаюбов, с/т 1993 ва ҳамсараш Маҳлиё Ҷумъаева, с/т 1993, ҳангоми гарм намудани хона аз дуди ангишт заҳролуд гашта, дар натиҷа ҳар ду фавтиданд.
Аз саршавии мавсими тирамоҳу зимистон, яъне аз моҳи октябр то охири декабр дар қаламрави Суғд аз заҳролудшавӣ 8 нафар фавтидааст, ки аз ин шумора 2 нафар кӯдаки хурдсол аз ноҳияи Айнӣ ва ду оилаи ҷавон мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






