Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 13 феврали соли 2015 №53
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи Директори
идоракунандаи Корхонаи воҳиди давлатии
«Ширкати Алюминийи Тоҷик» озод
намудани Шарипов С.Ф.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шарипов Садридин Файзиевич бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Директори идоракунандаи Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 13 феврали соли 2015 №54
ш. Душанбе
Дар бораи Директори
идоракунандаи Корхонаи воҳиди
давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик»
таъин намудани Ҷӯраев А.Ҳ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ҷӯраев Абдураҳмон Ҳомидович Директори идоракунандаи Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 13 феврали соли 2015 №55
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи Раиси Кумитаи
оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну
маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон озод намудани Холиқзода А.Ғ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Холиқзода Абдураҳим Ғафор бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 13 феврали соли 2015 №56
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи ректори Донишкадаи исломии
Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа
Нӯъмон ибни Собит озод намудани
Давлатов С.П.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Давлатов Сулаймон Пирхонович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 13 феврали соли 2015 №57
ш. Душанбе
Дар бораи Раиси Кумитаи оид ба
корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои
миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Давлатов С.П.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Давлатов Сулаймон Пирхонович Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 13 феврали соли 2015 №58
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи оид ба
корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои
миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Асомуддинзода Т.И.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Асомуддинзода Тоҷиддин Исломиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 13 феврали соли 2015 №59
ш. Душанбе
Дар бораи ректори Донишкадаи исломии
Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа
Нӯъмон ибни Собит таъин намудани
Асомуддинзода Т.И.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Асомуддинзода Тоҷиддин Исломиддин ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






