Қатли 7 нафар дар Бангладеш
Душанбе,03.02.2015. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-
Субҳи имрӯз дар наздикии шаҳри Чаудограми қисми шарқии Бангладеш шахсони мусаллаҳи номаълум ба нақлиёти ҳомили сокинони осоишта ҳамла оварда, онро ба коми оташ кашиданд. Дар ҷои ҳодисаи 7 нафар ба ҳалокат расида, 15 нафари дигар захми гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Гуфта мешавад, ки аз ҷониби салоҳиятдорони кишвар амалиёти фаврӣ барои дарёфт ва боздошти омилони ҳамла ташкил шуда, то ҳол идома дорад.
Душанбе,03.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои Вазорати мудофиаи Ироқ шаби гузашта низомиёни артиши миллии Ироқ паноҳгоҳи силоҳбадастонро мушакборон намуда, беш аз 50 нафар аъзои гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ»-ро маҳв намуданд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар минтақаи Киркук як нуқтаи истихроҷи нафт аз тасарруфи силоҳбадастон озод шуд.
Душанбе,03.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ҳафтаи равон дар корхонаи истеҳсоли маводи тарфгарии штати Тамилнад, воқеъ дар қисми ҷанубии Ҳиндустон таркиши шадид ба амал омад. Дар пайи ин ҳодиса 8 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 10 нафар бо ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ ба беморхона интиқол дода шуд. Мутахассисони соҳа дар ҷои ҳодиса сабабҳои асосии сар задани онро муайян менамоянд.
Душанбе,03.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар нақби музофоти Анхойи қисми шарқии шаҳри Суҷойи Ҷумҳурии Мардумии Чин
бар асари садамаи техникӣ 5 нафар нақбкан ба ҳалокат расида, 2 каси дигар бедарак гардидааст. Қобили зикр аст, ки ҳангоми ҳодиса дар дохили нақб 34 нафар фаъолият дошта, 27 каси он тавонистанд мустақилона берун оянд ва 7 нафари дигар бедарак мондаанд. Дар айни замон дар ҷойи ҳодиса кормандони Хадамоти наҷотдиҳӣ фаъолият доранд.
Душанбе,03.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки вазири нави молияи Юнон Янис Варуфакис зимни суханронӣ дар Франсия изҳор дошт, ҳадафи асосии мамлакати ӯ бастани қарордоди нав бо қарздиҳандагони байналмилалӣ то охирҳои моҳи майи соли ҷорӣ мебошад. Ва низ гуфта мешавад, ки вазир тасмим дорад бо мақсади идома додани музокирот оид ба масъалаҳои қарзи давлатӣ ба Британияи Кабир, Олмон ва Италия сафар намояд.








Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






