Қирғизистон: “Муқовимат бо нашъамандӣ ва ВНМО”
Душанбе, 23.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Дар Донишгоҳи технологии шаҳри Ӯши Қирғизистон вохӯрии кормандони Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон (ХДНМН) бо ҳайати устодон ва донишҷӯёни мактаби олӣ дар мавзӯи “Муқовимат бо нашъамандӣ ва ВНМО” хафтаи гузашта баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Хадамоти Федералии Федератсияи Русия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ муовини раиси ХДНМН назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон Г.С. Анорбоев дар бораи вазъи маводи нашъаовар ва чорабиниҳои мухталифи пешгирикунанда сухан гуфт.
Намояндаи АНМН назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Олимов ба донишҷӯён дар бораи ташаббусҳои зиддимухаддиротии Ҳукумати ҶТ ва чорабиниҳои байналмилалии зиддимухаддиротие, ки дар солҳои 2013-2014 бо ҷалби сокинони ноҳияҳои наздисарҳадии Қирғизистон гузаронида шуданд, иттилоъ дод.
Бояд зикр намуд, ки бо мақсади ташкили самараноки муқовимат бо қочоқи маводи нашъаовар ва ҳамоҳангсозии амалҳои муштарак дар Қирғизистон намояндаи АНМН назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ӯш амал менамояд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






