Қуръакашии ихтисосии ҶҶ-2018 дар Куала-Лумпур

Февраль 13, 2015 09:56

Душанбе, 13.02.2015. (АМИТ Ховар, Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Куала-Лумпури Малайзия қуръакашии марҳилаи якуми ихтисосии Ҷоми Ҷаҳон-2018 аз Осиё баргузор шуд.
Дар ин марҳила дувоздаҳ тими мунтахаби камқуввати давлатҳои Осиё, ки дар раддабандии январии ФИФА дар зинаҳои охир қарор доранд, ширкат мекунанд. Баъди натиҷаи ду бозӣ шаш мунтахаби ғолиб ба даври дуюми марҳилаи ихтисосӣ роҳхат мегиранд. Бозиҳои марҳилаи якуми ихтисосӣ рӯзҳои 12  ва 17 феврал доир мешаванд.
Гуфта мешавад, ки марҳилаи дуюми ихтисосӣ, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ дар он иштирок мекунад, моҳи июн оғоз мешавад. Дар ин марҳила 40 тими мунтахаби Осиё ба ҳашт гурӯҳи 5 дастагӣ тақсим мешаванд.  Бозиҳои ин марҳила дар ду қисм баргузор мешавад. Дастаҳо дар майдони худ ва дар майдони ҳариф бо якдигар вомехӯранд. Ҳашт дастаи ҷои аввал ва аз ҳамаи гурӯҳҳо чор дастаи нишондиҳандаҳояшон авлотар ба марҳилаи сеюм мебароянд. 
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи ниҳоии ҶҶ-2018 аз 14 июн то 15 июли соли 2018 дар Русия баргузор мешавад.

Февраль 13, 2015 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!