Ҳалокати 600 нафар дар Ҳиндустон
Душанбе,18.02.2015. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Ҳукуматдорони Япония нақша доранд, ки 15 миллион доллари амрикоӣ маблағ барои мубориза бар зидди гурӯҳҳои ифротгаро ба неруҳои қудратии кишварҳои Шарқи Наздик кумак расонданд. Бояд гуфт, ки маблағи ҷудошуда аслан барои безараргардонии ифротгароёни «Давлати исломӣ» мебошад, чунки ду моҳ қабл дар Сурия ифротгароёни «Давлати исломӣ» ду шаҳрванди Японияро ба қатл расонданд.
Душанбе,18.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи итттилои Вазорати тандурустии Ҳиндустон аз аввали соли ҷорӣ то ҳол дар кишвар аз вируси «Аш 1 Эн 1» қариб 600 нафар ба ҳалокат расидааст. Лозим ба ёдоварист, ки ин намуди зуком аз соли 2009-ум дар ин кишвар хурӯҷ намуда, то ҳол идома дорад. Аз ҳама ҳолати нигаронкунанда дар штатҳои қисми ғарби Раҷастан ва Гуҷарат ва штати Мадҳия-Пардеш, воқеъ дар қисми маркази Ҳиндустон ба назар мерасад.
Душанбе,18.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар як силсила штатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муддати чанд рӯз аст, ки дар муҳосираи бориши барфи зиёд ва сардӣ қарор доранд. Сардии ҳаво ва яхбандӣ дар штатҳои Миссури, Арканзас, Огайо, Кентукки ва Индиана бештар ба назар мерасад. Бояд гуфт, ки дар шаҳри Вашингтони Амрико низ вобаста ба сардии ҳаво ҳолати фавқулода эълон шудааст. Ҳукуматдорон фаъолияти муассисаҳои таълимиро то муҳайё гардидани шароити мусоид қатъ намуданд.
Душанбе,18.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си дар Либерия пас аз шаш моҳи таваққуф фаъолияти таълимгоҳҳо боз ба роҳ монда шуд. Ҳукуматдорони кишвар сабаби қатъ шудани фаъолияти таълимгоҳҳоро дар робита ба хурӯҷи вируси Эбола меҳисобанд. Тибқи иттилои Созмони байналмилалии тандурустӣ дар Либерия бар асари табларзаи Эбола 3 ҳазору 800 кас ба ҳалокат расидааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






