Ҳамкории байнитамаддунӣ дар фазои Авруосиё
Душанбе, 16.02.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Чанде пеш бо ибтикори факултаи таърих ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Ҳамкории байнитамаддунӣ дар фазои Авруосиё: таърих, тамоюлҳои муосир ва дурнамо» баргузор гардид.
Дар кори конфронс ректори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон Нуралӣ Солеҳов, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Бунафша Одинаева, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Оғибой Смагулов, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Мирослав Ниёзов, вакили муваққатии умури Ҷумҳурии Беларус дар Точикистон Олег Восняк, котиби якуми сафорати Русия дар Тоҷикистон Виктор Харченко ширкат доштанд.
Дар конфронс қариб қариб 50 гузориш шунида шуд, ки як қисми онҳо бо иштироки фаъолонаи донишҷӯёни донишгоҳи мазкур таҳия шудаанд.
Дар ҷараёни конфронс масъалаҳои таҷрибаи таърихии ҳамкории байнитамаддунӣ ва муносибатҳои имрӯзаи байналмилалӣ, усулҳои муколамаи байнитамаддунӣ дар низоми муносибатҳои ҷаҳонӣ, ҷанбаҳои фарҳанги тамаддунҳо дар рушди ҳамгироии Авруосиё, хусуиятҳои ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳо, ҳамчунин дурнамои густариши сиёсати оид ба ҷавонони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳошияи ҳамкории байнитамаддунӣ дар фазои Авруосиё мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






