Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Куриё густариш меёбад
Душанбе, 09.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва сафири Куриё дар Тоҷикистон Ён Ҷонку, ки мӯҳлати вазифааш дар Тоҷикистон анҷом ёфтааст, баргузор шуд.
Назар ба хабари Вазорати фарҳанг, дар мулоқот зикр шуд, ки муносибатҳои дуҷониба дар бахши фарҳангу санъат муваффақона рушду густариш меёбанд.
Вазири фарҳанги кишвар ба Ён Ҷонку барои ҳамкории мутақобилан муфид ва дастгирии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ кард.
Тайи се соли фаъолияти сафир дар Тоҷикистон якҷоя бо сафорати Куриё консертҳои ходимони санъати Куриё ва Тоҷикистон доир шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар ҳоли ҳозир Созишномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Куриё дар соҳаи фарҳангу санъат барои имзо таҳия шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






