Ҳарифони «Истиқлол» муайян гардиданд
Душанбе, 04.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Ҳарифони чемпиони секаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар айни замон ҷамъомади омӯзишӣ-машқии худро дар Туркия мегузаронад, барои ду бозии аввали санҷишӣ муайян шуданд.
Бино ба иттилои торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон клуби футболи пойтахт барои гузаронидани ду бозии санҷишӣ бо клубҳои футболи «Элверсберг»-и Олмон ва «Шахтёр»-и Донетск ба мувофиқа расидааст.
«Ҳарифи дастаи мо дар бозии якуми санҷишӣ клуби футболи «Элверсберг»-и Олмон мешавад, ки дар Бундеслигаи сеюми ин кишвар баромад мекунад. Баргузории бозӣ рӯзи 7-уми феврал ба нақша гирифта шудааст. Оғози бозӣ соати 18.00 бо вақти Душанбе.
«Элверсберг» шаҳри Шпизен-Элверсберги Олмонро муаррифӣ мекунад. Клуб соли 1907-ум таъсис ёфта, дар лигаи дуюми минтақавии «Ҷануб-Ғарб»-и Бундеслигаи сеюми Олмон баромад мекунад. Дар айни замон «Элверсберг» баъди 20 бозӣ дар ҷадвали мусобиқа зинаи сеюмро ишғол мекунад. Бозии дуюми санҷишии худро чемпиони феълии Тоҷикистон бо «Шахтёр»-и Донетск мегузаронад. Вақти баргузории вохӯрӣ аниқ мешавад», — гуфт роҳбари дафтари матбуоти «Истиқлол» Рустам Ҳакимов ба торномаи ФФТ.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






