Ҳашар барои нихолшинонӣ
Кӯлоб, 20.02.2015. (АМИТ Ховар», Сулаймони Хол).-Корхонаю муассисаҳои шаҳри Кӯлоб баҳри ободу зебо намудани кӯчаю маҳаллаҳо ва назди коргоҳҳои хеш дар ҳамкорӣ бо ҳукумати шаҳр ва Корхонаи фаръии давлатии ниҳолпарварӣ ва сабзазоркунӣ дар давоми ду моҳи охир дар кӯчаҳои марказии шаҳр дарахтони бисёрсоларо бо истифодаи техника шинониданд. Ҳоло дар назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ки имсол 70-солагии он ҷашн гирифта мешавад, шинонидани дарахтони сарви бисёрсола идома дорад. Дар гармхонаҳо ва заминҳои корхонаи фаръӣ гулҳои гуногун парвариш меёбанд ва онҳо дар нимаи дуюми моҳи март дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр кӯчат хоҳанд шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






