Ҳодисаҳои қаллобӣ
Душанбе, 09.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нисбат ба чанде сокинони ҷумҳурӣ парвандаҳои ҷиноӣ кушод. Масалан, сокини ноҳияи Рӯдакӣ Дилшод Раҳимов бо гумонбари қаллобӣ дастгир гардид.
Назар ба иттилои ВКД ҶТ, маълум шуд, ки номбурда аз сокини ноҳияи Файзобод Саидаҳмад Ғаниев ба маблағи 90 ҳазор доллари ИМА қарз гирифта, баъдан 59 ҳазор доллари ИМА — ро ба соҳибаш баргардонида, ваъда додааст, ки бақияи он — 31 ҳазор доллари ИМА — ро баъди 6 моҳ бармегардонад, вале ин маблағро то ҳол ба соҳибаш надодааст.
Дар мавриди дигар маълум гардид, ки сокини 40 — солаи шаҳри Душанбе Ҷ. Қурбонов аз сокини ноҳияи Турсунзода М. Солиев мошини тамғаи «Range Rover» — ро, ки баробари 50 ҳазор доллари ИМА арзиш дорад, иҷора гирифта, маблағи зикршударо то ҳол барнагардондааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






