Ҳодисаи нохуш дар роҳи оҳан
Душанбе, 17.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дирӯз,тахминан соати 17:40-дақиқа, тепловози “ТЭМ-2 УМ” таҳти идораи ронанда Худойдод Мирзоев, сокини шаҳри Душанбе ва ёрдамчии ӯ Рустам Наҷмиддинов, сокини шаҳри Ваҳдат, соли таваллудашон 1983 ҳангоми ҳаракат дар километри 4685-уми байни истгоҳҳои роҳи оҳани Душанбе-2 ва Душанбе-1 шаҳрванд Норбиш Менглиқулова, соли таваллудаш 1965, истиқоматкунандаи шаҳри Душанберо пахш намудааст. Дар натиҷа охирин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






