Ҳомии Ватан- спартакиадаи варзишӣ
Хуҷанд, 06.02.2015. (АМИТ Ховар, Абдуҳад Шарифзода).-Дирӯз дар Қасри варзишии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҳарбию варзишии Ҳомии Ватан оғоз ёфт. Ҳадафи мусобиқа аз ҷалби ҳомиёни ватан ба варзиш, баланд бардоштани дараҷаи тарбияи ҷисмонии онон, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстии байни сарбозону афсарон ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим иборат аст.
Мусобиқаи мазкур анъанавӣ буда, он ҳамасола бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ, яъне таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи кишвар бо ташаббуси комиссариати ҳарбии вилояти Суғд роҳандозӣ мешавад. Дар мусобиқаи имсола 14 дастаи варзишгарон аз қисмҳои низомии ҳудуди вилоят иштирок намуда, аз рӯи 10 намуди варзиш, аз ҷумла: бандкашӣ, давидан ба масофаи 100 м, турниккашӣ, дастхобонӣ, муҳорибаи тан ба тан, бардоштани санг, футболи хурд, тирпарронӣ аз туфангчаи Макаров ва гузаштан аз монеаҳо маҳорати худро нишон медиҳанд.
Чорабинӣ то 20 феврал идома ёфта, ғолибон ҳам дар ҳайати шахсӣ ва ҳам даставӣ бо туҳфаҳои хотиравии комиссариати ҳарбӣ мукофонида мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






