Ҷаласа аз рӯи масоили маориф дар давлатҳои ИДМ
Душанбе, 17.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Аз 18 то 19 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав ҷаласаи гурӯҳи кории Шӯрои ҳамкорӣ дар бахши маорифи давлатҳои узви ИДМ барои такмил додани лоиҳаҳои низомномаҳо дар бораи Донишгоҳи байналмилалии таҳсилоти динии давлатҳои узви ИДМ ва Анҷумани муаллимон ва кормандони маорифи давлатҳои узви Иттиҳод баргузор мегардад.
Дар кори ҷаласа намояндагони вазоратҳои маориф ва илми давлатҳои узви ИДМ ширкат менамоянд. Намояндагони Раёсати ҳамкорӣ бо созмонҳои динии маъмурияти президенти ФР, Шӯрои байнидинии ИДМ, Патриархати Маскави калисои православии рус, Раёсати динии мусулмонони Русия, Конгресси ҷамоаю созмонҳои динии яҳудиёни Русия ба ҳайси даъватшудагон дар ҷаласа иштирок менамоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






