Ҷаласа дар бахши маорифи давлатҳои узви ИДМ дар Маскав
Душанбе, 18.02.2015. (АМИТ Ховар, Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон 18-ум ва 19-уми феврали соли равон дар шаҳри Маскав ҷаласаи гурӯҳи кории Шӯрои ҳамкорӣ дар бахши маорифи давлатҳои узви ИДМ барои такмил додани лоиҳаҳои низомномаҳо дар бораи Донишгоҳи байналмилалии таҳсилоти динии давлатҳои узви ИДМ ва Анҷумани муаллимон ва кормандони маорифи давлатҳои узви Иттиҳод баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, ки дар кори ҷаласа намояндагони вазоратҳои маориф ва илми давлатҳои узви ИДМ ширкат менамоянд. Намояндагони Раёсати ҳамкорӣ бо созмонҳои динии маъмурияти Президенти ФР, Шӯрои байнидинии ИДМ, Патриархати Маскави калисои православии рус, Раёсати динии мусулмонони Русия, Конгресси ҷамоаю созмонҳои динии яҳудиёни Русия ба ҳайси даъватшудагон дар ҷаласа иштирок менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






