Ҷалби 150 нафар ҷавони ВМКБ ба курсҳои кутоҳмуддат
Душанбе, 18.02.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ гузоштани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолии вилоят, махсусан ҷавонон, оид ба қоидаҳои муҳоҷират, бахусус муҳоҷирати меҳнатӣ аз шаклу усулҳои мухталиф, аз ҷумла ҳамкорӣ бо идораю муассисаҳои давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, шӯроҳои худидораи маҳаллӣ, ҷамъияти тоҷикон дар мамлакатҳои хориҷӣ истифода мебарад.
Имрӯзҳо ҳамкорӣ бо шуъбаҳои шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо, марказҳои таълими калонсолон, Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори назди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, «Бадахшонхориҷакор», муассисаҳои маълумоти умумии вилоят вусъат ёфта истодаанд. Кормандони Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар алоқа бо «Бадахшонхориҷакор» бозори меҳнати мамлакатҳои хориҷиро омӯхта, оид ба он чорабинихои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ва назоратиро байни аҳолии вилоят ташкил менамоянд. Масалан, дар робита бо «Бадахшонхориҷакор» ва ҷамъияти тоҷикон дар моҳҳои ноябр-декабри соли 2014 талаботи бозори меҳнат дар вилоятҳои Маскав, Краснодар, Осетияи Шимолӣ, Самара омӯхта шуд ва маълум гардид, ки фирмаҳою муассисаҳои калонтарини истеҳсолию саноатии ин вилоятҳо ба булдозерчӣ, тракторчӣ, кранчӣ, ронандаи мошинҳои боркаши КамАЗ эҳтиёҷи калон доранд ва муҳоҷирони меҳнатиро қабул карда метавонанд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират баъди таҳлили маълумотҳои аниқи бадастомада ба Маркази таълими калонсолони назди Шуъбаи шуғли аҳолии вилоят тавсия намуд, ки оид ба ин ихтисосҳо курсҳои кутоҳмуддати ҳунаромузӣ ташкил намуда, ҷавонони бе кору маълумотро ба он ҷалб кунад. Бо мақсади таъмин намудани ин курсҳо аз устоҳою муаллимони ихтисосманд Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират бо Мактаби таълими давомдори назди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ алоқаи кориро вусъат дода, мутахассисони ин муассисаи таълимиро барои гузаронидани машғулиятҳо дар курсҳои таълими калонсолон ҷалб намуд. Алҳол зиёда аз 150 нафар ҷавони бе ихтисос ба таълим дар курсҳои кутоҳмуддати мазкур ҷалб гардид. Чунин тарзи кор имконият медиҳад, ки шахсони бе маълумот соҳиби ихтисоси муайян гарданд, бекорон ба кор ҷалб шаванд ва сатҳи камбизоатӣ дар вилоят коҳиш дода шавад. Бо ташкил гардидани чунин курсҳо кормандони Хадамоти муҳоҷирати вилоят ҳамзамон бо шунавандагони он кори фаҳмондадиҳию иттилоотиро вусъат дода, ба онҳо оид ба омода намудани ҳуҷҷатҳои лозимии муҳоҷират, қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Русия оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ, тарзи буду бош дар ин давлат маълумоти муфассал доданд.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






