Ҷамъомадҳои АНМН
Душанбе, 03.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бо иштироки намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази иттилоот ва тамоюлҳои ҷавонон», «Маркази миллии имконоти ҷавонони шаҳри Душанбе» дар маҳаллаи ба номи Крупская ва коллеҷи касбомӯзии № 40 ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҷамъомадҳо ташкил намуданд.
Тавре ки Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ хабар медиҳад, дар ҷамъомадҳо масоили ҷилавгирии нашъамандӣ, паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, тансиҳатии насли наврас ва ҷилавгирии хавфи сӯиистеъмоли маводи нашъаовар муҳокима шуданд.
Кормандони Агентӣ дар бораи оқибатҳои ногувори истифодаи маводи мухаддир, ки боиси ҷинояткориҳои наврасон мегарданд, суҳбат намуданд. Зикр шуд, ки волидайн баробари мактаб барои тарбияи дуруст ва инкишофи мутаносиби шахсияти наврасон масъулияти бузург доранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






