27 кг маводи нашъа дар халтаи биринҷ
Душанбе, 02.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар дар шаҳри Душанбе мошини “Opel-Veсtra” таҳти идораи сокини шаҳри Кӯлобро бо миқдори калони маводи нашъаовар боздошт намуданд.
Дар бордони мошин 2 халтаи биринҷ дарёфт гардид, ки дар дохили халтаҳо героин бо вазни 9 кг ва ҳашиш бо вазни 18 кг мавҷуд буд. Вазни умумии бор 27 килограммро ташкил менамояд.
Ҳангоми гузаронидани амалҳои тафтишотӣ муайян гардид, ки ронандаи мошин бо ҳаммаслаки худ — сокини ноҳияи Панҷ аз сокини вулусволии Имом-Соҳиби вилояти Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маводи нашъаоварро харид намуда, ният доштанд онро ба вилояти Суғд, баъдан ба қаламрави Федератсияи Русия интиқол диҳанд, аммо сари вақт аз тарафи кормандони агентӣ боздошт гардиданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






