38 номгӯй адабиёти бачагона ба табъ мерасад
Душанбе, 19.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои сомонаи расмии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи наврасони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо китобу дастурҳои бачагона дар соли 2015 ният дорад, ки 38 номгӯй адабиёти бачагонаро, ки дар маҷмӯъ 364 ҳазору 780 сомониро дар бар мегирад, ба табъ расонад.
Гуфта мешавад, ки муассиса бо ҷалби моликиятҳои зеҳнӣ, алалхусус осори шоирону нависандагони маъруф Гулназар Келдӣ, Муҳаммад Ғоиб, Саидалӣ Маъмур, Маҷид Салим, Ҷӯра Ҳошимӣ, Алӣ Бобоҷон афсонаҳои халқӣ, ҳикоят ва панду андарзҳо аз осори ниёгонро вобаста ба синн ва зеҳни кӯдак, барои ба табъ расонидан бо муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» ҳамкориҳои доимӣ дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






