5 млн. сомонӣ барои таъмири роҳи Зафаробод-Дӯстӣ
Душанбе, 26.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод 24-уми феврал раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба таъмиру навсозии роҳи Зафаробод-Дӯстӣ, ки қисми аҳолии ноҳияро аз шаҳраки Зафаробод то ҷамоати деҳоти Дӯстӣ ба ҳам мепайвандад, оғоз бахшид. Дар доираи барномаи идомаи соли роҳҳои обод роҳи мазкур ба масофаи 27,6 километр мумфарш мешавад. Ин роҳ беш аз сӣ соли охир ба таъмири пурра фаро гирифта нашудааст ва барои ин кор аз буҷети вилоятӣ 5 миллион сомонӣ ҷудо мешавад.
«Соли ҷорӣ дар баробари ободонии роҳҳо иқдоми дигари созанда низ дар ҳудуди ноҳияи Зафаробод амалӣ мешавад», — таъкид намуд, зимни суҳбат раиси вилоят. Аз соҳибкорон ва мардуми ноҳия даъват ба амал овард, ки ҷавобан ба ин ташаббус дар таъмиру ободонии роҳҳои дохилии ҷамоатҳо ҳиссагузор бошанд.
Тибқи нақшаи таҳияшуда дар Зафаробод аз 392 километр масофаи умумии роҳҳо 168 километри онҳо таъмирталаб мебошанд, ки соли равон таъмири асосӣ, ҷорӣ ва шағалпӯш хоҳанд шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






